Ҳалокати беш аз 800 нафар бар асари заминларза ва сунами дар Индонезия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари заминларза ва сунами дар Индонезия, ки ба фоҷеаи мудҳиш боис гардид, ба президенти ин кишвар Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари заминларза ва сунами дар Индонезия, ки ба фоҷеаи мудҳиш боис гардид, ба президенти ин кишвар Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси андӯҳи амиқи тоҷикистониён гашт.

“Аз Шумо хоҳиш дорам, ки тасаллияти самимии моро ба мардуми дӯсти Индонезия бирасонед. Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил ва барои тамоми осебдидагон шифои комил орзумандам», – изҳори тасаллият мешавад дар барқия.

Бар асари заминларзаи қуввааш 7,5 балл ва сунами баъди он дар ҷазираи Сулавеси Индонезия 832 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Associated Press бо истинод ба Агентии милии рафъи оқибатҳои офтаҳои табиии Индонезия.

Гуфта мешавад, ин шумори ҳалокшудагон танҳо дар шаҳри Палу (аҳолӣ беш аз 350 ҳазор нафар) буда, дар ду ҳавзаи дигар шумори қурбониён ҳоло маълум нест. Алҳол наҷотдиҳандагон имкон надоранд, ки ба ноҳияи Дунгал раванд, ки дар ин ҷо на камтар аз 300 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданду маркази заминларза дар ҳамин ҷо воқеъ буд.

Дар ин робита ноиби президенти Индонезия Юсуф Калла эътироф намудааст, ки шумори ҳалокшудагон метавонад ба чанд ҳазор нафар бирасад, чунки бо дигар ноҳияҳое, ки маркази заминларза дар онҳо воқеъ буд, то ҳол алоқа барқарор кардан имкон надорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.