Роҳхати футболбозони навраси тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон-2019. Баъди 11 сол

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти сарварии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов рӯзи 30 сентябр дар бозии даври 1/8 финалӣ бар дастаи Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (ҶХДК) аз рӯи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 4 бар 2 (вақти асосӣ – 1:1) ғолиб омада, ба даври нимфиналии Чемпионати Осиё-2018 ва Чемпионати ҷаҳон (U-17), ки соли оянда дар Перу баргузор […]

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти сарварии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов рӯзи 30 сентябр дар бозии даври 1/8 финалӣ бар дастаи Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (ҶХДК) аз рӯи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 4 бар 2 (вақти асосӣ – 1:1) ғолиб омада, ба даври нимфиналии Чемпионати Осиё-2018 ва Чемпионати ҷаҳон (U-17), ки соли оянда дар Перу баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Қаблан мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон расо 11 сол пеш – соли 2007 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Кореяи Ҷанубӣ ширкат варзида буд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дарвозабони даста Муҳриддин Ҳасанов, ки аз уҳдаи баргардонидани ду зарбаи 11-метра баромад, дар пирӯзии даста саҳми назаррас дорад.

Ҳарифи Тоҷикистон дар даври нимфиналии Чемпионати Осиё (U-16), ки айни замон дар Малайзия мегузарад, имрӯз баъди натиҷаи вохӯрии ҷуфти 1/8 финалии Кореяи Ҷпнубӣ – Ҳиндустон муайян мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.