Дар шаҳри Хуҷанд фестивали атласу адрас баргузор шуд

Дар толори Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд – 2018» баргузор гардид, ки дар он беш аз 20 нафар дӯзандагону тарроҳони сарулибос аз ин матоъҳо иштирок карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ қабл […]

Дар толори Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд – 2018» баргузор гардид, ки дар он беш аз 20 нафар дӯзандагону тарроҳони сарулибос аз ин матоъҳо иштирок карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ қабл аз иштирок дар фестивал аз намоиши коргоҳҳои атласу адрас ошноӣ пайдо намуданд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла ҶДММ ”Атласи Хуҷанд” маҷмуъи маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки рангорангии атласи хуҷандӣ дили бинандагонро тасхир менамуд.

Зимни баромади худ раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷумла зикр дошт, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ баргузор мегардад.

“Мардуми тоҷик дар бофту дўхти навъҳои либос ва таҳияи маводи он тавассути атласи миллӣ, адрасу шоҳӣ эътироф шудаву ҳосили он серхаридортарин шинохта шудааст. Истеҳсоли атлас, ки дар таърихи тоҷикон ҳамеша нуфузи зиёд дошт, имрўз ҳам шўҳрату мақомашро аз даст надодааст”, – изҳор намуд раиси шаҳр.

Сипас, муовини раиси вилояти Суғд суханронӣ намуда, намуда, аз ҷумла гуфт, ки соли 2018 бо иқдоми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, дар партави ин ташаббус баргузор шудани чунин чорабинӣ дар шаҳри Хуҷанд як навъ арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ арзёбӣ мегардад.

“Имрӯз ба чеҳраҳои зебову гуворо ва таҷассуми либосҳои шинами Шумо, ки шукўҳу нусрати либоси миллиро бозтоби равшан мебахшанд, бори дигар ба назокату латофати ин падидаи неки фарҳанги миллии тоҷикон қоил мегардам, зеро либоси миллӣ таҷассумгари ҳунари дастони эъҷозофарини намояндагони миллати тоҷик аз дуртарин даврони таърихӣ маҷмўан фарҳанг ва суннатҳои хоси тамаддуни миллиро ҷилвагар сохта, то замони мо ин арзишҳоро давом бахшидааст”, – иброз дошт Назира Ғаффорова.

Зикр мегардад, ки сипас аз рӯйи шартҳои: “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси миллии арӯсиву домодӣ”, “Беҳтарин либоси рӯзмара” ва “Беҳтарин либоси идона” бо маҳсули эҷоди 21 тарроҳ ва зиёда аз 140 муаррифкунанда сурат гирифта, ғолибон муайян гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.