Боздошти ҷангара бо лақаби “Аюб-пистолет” дар Душанбе. Акнун фарш мешӯяд

Аз рӯи далели майдаавбошӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ сокини 51-солаи шаҳри Душанбе, зодаи ноҳияи Рашт Алишер Ҳалимов боздошт шуд. Бино ба иттилои Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, охири моҳи сентябр ӯ ҳангоми фаромаданаш аз микроавтобуси мусофиркашонии рақами 28 ва гирифтани бақияи роҳкиро, дар ҳолати мастӣ ронанда ва дигар мусофирони нақлиёти мазкурро мавриди дашному ҳақорат қарор […]

Аз рӯи далели майдаавбошӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ сокини 51-солаи шаҳри Душанбе, зодаи ноҳияи Рашт Алишер Ҳалимов боздошт шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, охири моҳи сентябр ӯ ҳангоми фаромаданаш аз микроавтобуси мусофиркашонии рақами 28 ва гирифтани бақияи роҳкиро, дар ҳолати мастӣ ронанда ва дигар мусофирони нақлиёти мазкурро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бар замми ин бо пояш якчанд маротиба ба дари воситаи нақлиёт задааст.

Бо ин кирдораш номбурда оромии шаҳрвандонро халадор намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.

Зикр мегардад, ки дар ҳамин ҳол, мегуфтааст, ки номи ӯ “Аюб-пистолет” аст ва ҳеҷ касе ба ӯ баробар шуда наметавонад.

Гуфта мешавад, қонуншикан бо истифода аз маълумоти шаҳрвандон боздошт шуда, бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбати А.Ҳалимов ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.