Оғози кори вакилони парлумони Тоҷикистон баъди таътил

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баъди таътили семоҳа имрӯз, 1 октябр ба кори худ идома медиҳад. Дар рӯзномаи ҷаласаи аввали иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2018”, “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи хизмати […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баъди таътили семоҳа имрӯз, 1 октябр ба кори худ идома медиҳад.

Дар рӯзномаи ҷаласаи аввали иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2018”, “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи хизмати дипломатӣ” дар назар аст, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов.

Вакилон ҳамчунин имрӯз масъалаҳои марбут ба тасдиқи созишномаи техникӣ байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ), созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ ва санад дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома байни кишварҳои узви СҲШ доир ба Сохтори минтақавиии зиддитеррористӣ аз 7 июни соли 2002-ро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, вакилони парлумон аз 1 июл то 15 август ба рухсатии меҳнатӣ баромада, аз 16 август то 1 октябр дар кумита ва комиссияҳои соҳавии парлумон кор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.