Рустами Эмомалӣ шахсан футболбозони навраси тоҷикро пешвоз мегирад

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия ба гирифтани медалҳои нуқра ноил гардид, пагоҳ, 10 октябр ба ватан бармегардад. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ шахсан ба фурудгоҳ ба пешвози онҳо мебарояд. Рӯзи 9 октябр ҳайати даста аз Куала-Лумпур ба Алмаато парвоз карда, рӯзи 10 октябр бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия ба гирифтани медалҳои нуқра ноил гардид, пагоҳ, 10 октябр ба ватан бармегардад. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ шахсан ба фурудгоҳ ба пешвози онҳо мебарояд.

Рӯзи 9 октябр ҳайати даста аз Куала-Лумпур ба Алмаато парвоз карда, рӯзи 10 октябр бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Душанбе меояд. Вақти тахминии ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе расидани онҳо соати 12:30 дақиқа аст.

“Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи мухлисони футбол ва намояндагони ВАО-ро ба фурудгоҳи Душанбе даъват мекунад, то ки футболбозони наврасро гарму самимӣ пешвоз гирем. Онҳо ба миллионҳо сокинони Тоҷикистон эҳсосоти хеле хушу гуворо ҳадя карданд. Ҳамчунин ба иштирок дар чорабинии идона дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ низ даъват мекунем”, – хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, баъди анҷоми пешвозгирӣ дар фурудгоҳ дастаи мунтахаби наврасон барои гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба майдони Дӯстӣ меояд.

Гуфта мешавад, дар идомаи чорабиниҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе консерти идона бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар ва беш аз 15 000 тамошобин бо ҳузури футболбозони наврас сурат мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.