Сабукдӯшии сардори тирпарронидаи шуъбаи милитсияи фурудгоҳ аз мансаб

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо фармони худ сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанбе Рустам Саъдиевро, ки ба сӯи корманди зертобеъи худ тир парронида буд, аз мансаб барканор кард. Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки ҳамчунин боз як қатор кормандоне, ки шаъну эътибор ва обрӯи  мақомотро паст зада, […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо фармони худ сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанбе Рустам Саъдиевро, ки ба сӯи корманди зертобеъи худ тир парронида буд, аз мансаб барканор кард.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки ҳамчунин боз як қатор кормандоне, ки шаъну эътибор ва обрӯи  мақомотро паст зада, ба рафторҳои ношосита роҳ додаанд, низ аз вазифаҳояшон озод карда шудаанд.

“Бо фармони вазир сардорони шуъбаҳои милитсияи шаҳри Норак ва ноҳияи Вахш низ аз мансабҳояшон сабукдӯш гардида, дастур дода шуд, ки дар шуъбаи милитсияи фурудгоҳ пурра ҷойивазкунии кадрҳо гузаронида шавад”, – гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6 октябр сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Саъдиеви 34-сола дар ҷойи корӣ бо зертобеъаш Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола ба муноқиша пардохта, аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ ӯ тир холӣ кард.

Корманди милитсияи ҷабрдида бо захмҳо аз тир дар шикам ва пой дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон ба ҳаёти ӯ дигар хатаре вуҷуд надорад. Сардори шуъба боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Тирпарронида Рустам Саъдиев ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиев замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳ боздошт ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.