Мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ

Зимни вохӯрии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ ба Тошканд омаданд, сарвари ин давлат изҳор намуд, ки бори нахуст баргузор шудани ин ҷаласа дар Тошканд гувоҳи давраи нави иштироки Ӯзбекистон дар фаъолияти Иттиҳод аст. Бино ба маълумоти хабаргузории […]

Asia-Plus

Зимни вохӯрии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ ба Тошканд омаданд, сарвари ин давлат изҳор намуд, ки бори нахуст баргузор шудани ин ҷаласа дар Тошканд гувоҳи давраи нави иштироки Ӯзбекистон дар фаъолияти Иттиҳод аст.

Бино ба маълумоти хабаргузории Podrobno.uz, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ дар чаҳорчӯби ИДМ, аз ҷумла шарикии байниидоравӣ, баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, омодагии касбии кадрҳо баррасӣ шуданд.

Вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ба ислоҳоти мавриди амал қарордошта дар Ӯзбекистон оид ба таҷдиди Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, ҳамчунин ташаббусҳои ҷумҳурӣ оид ба таъмини амнияту субот ва рушди устувор дар минтақа баҳои баланд доданд.

Давоми соли сипаришуда Ӯзбекистон ба беш аз 10 мақомоти ҳамкории соҳавӣ дар бахшҳое чун иқтисоду энергетика, илму инноватсия, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дар дигар самтҳо ҳамроҳ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио