Дастгирии САҲА аз иқдомоти безараргардонӣ дар Осиёи Марказӣ

Курси 10-рӯзаи САҲА тақрибан барои 30-нафар мутахассисони низомӣ ва ғайринизомӣ дар бораи «Ташаккулёбии муштарии оқил оид ба амалияёти беяроқгардонии бехатар» санаи 16-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид. Дар курси омӯзишӣ иштирокчиён аз Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷамъ омаданд. Онҳо дар робита ба иҷро намудани дастурамалҳои байналмиллалӣ ва омӯхтани […]

Курси 10-рӯзаи САҲА тақрибан барои 30-нафар мутахассисони низомӣ ва ғайринизомӣ дар бораи «Ташаккулёбии муштарии оқил оид ба амалияёти беяроқгардонии бехатар» санаи 16-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид.

Дар курси омӯзишӣ иштирокчиён аз Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷамъ омаданд. Онҳо дар робита ба иҷро намудани дастурамалҳои байналмиллалӣ ва омӯхтани беҳтарин таҷрибаҳо оид ба бехатар, самаранок ва моҳирона поксозии муҳимоти конвенсионӣ ва маводҳои тарканда сатҳи дониш ва малакаи худро баланд хоҳанд кард. Коршинос аз Британияи Кабир дар курси мазкур донишу малакаҳои худро бо иштироккунандагон шарик месозад.

Қисми назариявии курси омӯзишӣ дар Маркази омӯзишии ҳамкорӣ барои сулҳ дар назди Вазорати мудофиаи Қазоқистон дар шаҳри Алмаато гузаронида мешавад. Машқҳои амалӣ дар муассисаи ҳарбии Капшагай баргузор мегарданд.

Курси омӯзишӣ аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Остона ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи САҲА оид ба ҳамкории ҳамгирошуда барои паст кардани хатарҳои маводҳои тарканда баргузор шудааст.

Курси омӯзишии мазкур яке аз бахшҳои кӯмакҳои дарозмуддати САҲА мебошад ва барои рушди механизмҳои ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати бартараф намудани нигарониҳо ва чолишҳои вобаста ба базаргардонии маводҳои тарканда равона шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.