Ӯзбекистон ба интиқоли мошинҳои боркаши худ ба Тоҷикистон шурӯъ намуд

Date:

Ширкати муштараки Ӯзбекистону Олмон «JV MAN Auto-Uzbekistan» ба Тоҷикистон 14 адад мошиниҳои боркаш (самосвал)-и тамғаи MAN мефиристад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ШС «Узавтосаноат».

Қайд мешавад, ки «JV MAN Auto-Uzbekistan» бо ширкати «Экспериментальный механический завод»-и Тоҷикистон оид ба таҳвили 14 адад мошини боркаши MAN TGS 41.400 8×4 BB ба маблағи наздики 1,5 млн. доллар қарордод ба имзо расонидааст.

Дар «Узавтосаноат» таъкид месозанд, ки то имрӯз ба маблағи ҳудуди 1,2 млн. доллар аллакай 11 мошин барои интиқол омода шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон КМ «JV MAN Auto-Uzbekistan» бо ширкати тоҷикистонии «Глобал Лизинг» доир ба додугирифти автомобилҳои боркаш созишнома ба имзо расонид.

Мувофиқи санади баимзорасида, ширкати Ӯзбекистону Олмон давоми соли 2018 бояд ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 5 млн. доллар мошинҳои боркаш фиристад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...