Сарпарастии пулисони низомии рус ба хонаи кӯдакони Душанбе

Date:

Пулиси низомии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон хонаи кӯдаконро дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастӣ гирифтанд.

Хизматчиёни ҳарбии комендатураи низомии шаҳри Душанбе аз хонаи кӯдакон дар маҳаллаи Гипрзем боздид намуда, барои тарбиятгирандагони ин муассиса маҳсулоти хӯрокворӣ – ярма, маснӯоти макаронӣ, ширқиём, тухм, картошка ва равғани растанӣ оварданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ.

Дар хабар қайд мешавад, ки барои кумак ба хонаи кӯдакон ҳанӯз соли гузашта пас аз баргузории аксияи гуманитаӣ бо ёвари фармондеҳ оид ба кор бо хизматчиёни ҳарбии диндор кашиш (иерей) Роман Чебоненко тасмим гирифта шуда буд.

Кумак ба мактабу хонаҳои кӯдакон ва дигар иқдомҳои башардӯстона барои хизматчиёни ҳарбии рус як анъанаи хубе шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта пулисони ҳарбии рус ба мактаби №108-и деҳаи Дарёобод дар иваз кардани шишаҳои шикаста, ҳамчунин гармкунии тирезаҳову рангмолии фарши синфҳо кумак карданд.

Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия дар қаламрави се ҳавзаи федералӣ ва 29 субъекти Русия мустақар шудааст. Ба сохтори ин ҳавзаи бузурги Қувваҳои Мусаллаҳ як қатор иншооти воқеъ дар хориҷи ҳудуди Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон, пойгоҳи ҳавопаймоии Кант дар Қирғизистон ва воҳидҳои ҳарбӣ дар қаламрави Қазоқистон дохил мешаванд.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини ҳарбии кишвар дар қаламрави берун аз Русия маҳсуб меёбад. Ҷузъу томҳои пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар мустақар мебошанд. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...