Ним сол муҳлати Рустами Эмомалӣ ба эҳёи корхонаҳои хусусӣ

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони корхонаҳои хусусии пойтахт ҷиҳати роҳандозии кор ва барқарор намудани фаъолият дар сатҳи зарурӣ ним сол муҳлат дод.

Дар қарори раиси пойтахт дар бораи тақвият бахшидани фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе қайд мешавад, ки ба роҳбарони ин корхонаҳо ҷиҳати барқарор ва тибқи таъинот истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, инчунин мувофиқи мақсад истифода бурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда огоҳнома оиди дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо ирсол намоянд.

Гуфта мешавад, ин қарор бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмин намудани талаботи ниёзи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ қабул мешавад.

“Дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда, масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур шаванд”, – омадааст дар қарор.

Зимнан зикр мегардад, ки барои назорати ҷараёни барқарорсозии фаъолияти корхонаҳо, ки айни замон фаъолият надоранд ё аз рӯи таъинот истифода намешаванд, аз ҳисоби муовини раиси пойтахт ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...