Дар Қатар бори нахуст Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир мегардад

Аз 22 то 28 ноябри соли 2018 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар баргузор мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳангши ҷумҳурӣ, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳоро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Аз 22 то 28 ноябри соли 2018 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар баргузор мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳангши ҷумҳурӣ, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳоро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сарварӣ мекунад.

Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳо 24 ноябр дар шаҳри Давҳа бо роҳандозии барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.

Инчунин баргузории чунин барномаҳои ҳунарӣ рӯзҳои 25 ва 26 ноябр дар Маҷмааи Қатар Молл низ пешбинӣ шудааст.

Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Давлатманд Холов, Хучастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии «Парасту» шомиланд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.