Барқарор шудани алоқаи Tcell ва ҷубронпулӣ ба муштариён

Дар робита ба мушкили алоқа ва дастрасӣ ба интернет ва дигар хизматгузориҳо ширкати Tcell дар сомонаи расмии худ – tcell.tj эълон нашр кард. Дар эълони ширкат қайд мешавад, ки аз соати 17:00 рӯзи 20.11.2018 то 21.11.2018 баъзе аз муштариёни Тcell бо сабабҳои новобаста аз Ширкат, мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳои дохилиро дошта, мутахассисони ширкат […]

Asia-Plus

Дар робита ба мушкили алоқа ва дастрасӣ ба интернет ва дигар хизматгузориҳо ширкати Tcell дар сомонаи расмии худ – tcell.tj эълон нашр кард.

Дар эълони ширкат қайд мешавад, ки аз соати 17:00 рӯзи 20.11.2018 то 21.11.2018 баъзе аз муштариёни Тcell бо сабабҳои новобаста аз Ширкат, мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳои дохилиро дошта, мутахассисони ширкат барои дар зудтарин фурсат бартараф намудани мушкилӣ саъю кӯшиш намуданд.

“Ширкати Tcell аз шумо барои нороҳатӣ маъзарат мепурсад. Ташаккур барои дарки шумо!”, – омадааст дар эълон.

Гуфта мешавад, барои тамоми муштариёне, ки дар ин муддат мушкилии дастрасӣ ба хизматрасониҳои шабака ва интернетро доштанд, аз тарафи ширкат ҳамчун ҷуброн бастаи 300 мегабайт интернет ва 50 дақиқаҳои иловагӣ дар дохили Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Мутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи ширкат Олга Завялова мегӯяд, мушкилӣ ба “нуқсону камбудиҳои техникӣ” вобаста буд.

“Ба ҳар кадоме аз муштариён дар бораи ҷубронпулӣ шахсан огоҳинома ирсол гардида, айни замон алоқа ва интернету дигар хизматрасониҳои ширкат дар реҷаи муқаррарӣ дастрас аст”, – илова намуд мутахассис.

Ёдрас мекунем, ки тақрибан соати 17:00-и дирӯз интернет аз Tcell қатъ шуд. Каме баъдтар алоқаи мобилӣ ҳам қатъ шуд. Муштариёни ширкат танҳо ба ҳамдигар занг зада метавонистанд, дастрасӣ ба дигар ширкатҳои мобилӣ ва телефонҳои корхонаҳову хонагӣ ғайриимкон буд.

Маркази хизматгузорӣ (Сall-center)-и ширкат дастнорас ва ҷавоб намедод, дар сомонаи расмӣ низ ҳеҷ маълумоте дар ин хусус нашр нашуда буд. Дар худи ширкат низ алоқа вуҷуд надошт ва маҳз бо ҳамин сабаб раҳбарияти Tcеll ба нашри эълони дахлдор дар сомонааш ва ирсоли паёмак (смс) имкон надошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.