Таҷлили 80 – солагии Бозор Собир

23 ноябр, соати 14:00 дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону ҳунармандон маҳфили ширу шакар ба муносибати 80-солагии шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир баргузор мегардад. Бозор Собир яке аз шоирони шинохтаи муосири тоҷик буд, ки пас аз чанд муддати беморӣ 1 майи соли равон дар синни 79-солагӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли […]

Asia-Plus

23 ноябр, соати 14:00 дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону ҳунармандон маҳфили ширу шакар ба муносибати 80-солагии шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир баргузор мегардад.

Бозор Собир яке аз шоирони шинохтаи муосири тоҷик буд, ки пас аз чанд муддати беморӣ 1 майи соли равон дар синни 79-солагӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли Амрико аз олам гузашт ва бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тобути ӯ ба ватан оварда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.

Бозир Собирро аз шоирони насли нави адабиёти тоҷик медонанд, ки дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Охири солҳои 80-ум ба сиёсат пайваст ва соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1993 9 моҳ зиндонӣ шуд ва пас аз раҳоӣ ба Маскав ва аз онҷо ба Амрико кӯчид.

Соли 2013 бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, ки дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Ҳар сари чанд вақт ба Амрико барои дидорбинии пайвандонаш мерафт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.