Музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик 28 фоиз боло рафта метавонад

Роҳбари Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки аврусоиёии рушд (БАОР) Андрей Петросян бар ин назар аст, ки узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои Тоҷикистон самараи хуб хоҳад дод. “Афзалияти асосии узвият ба Иттиҳод барои Тоҷикистон, ки базудӣ самар медиҳад, бозори ягонаи кори ИИАО мебошад. Муҳоҷирони тоҷик ба бозори умумии меҳнат пайваста, ҳаҷми интиқоли пул дубора меафзояд. […]

Asia-Plus

Роҳбари Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки аврусоиёии рушд (БАОР) Андрей Петросян бар ин назар аст, ки узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои Тоҷикистон самараи хуб хоҳад дод.

“Афзалияти асосии узвият ба Иттиҳод барои Тоҷикистон, ки базудӣ самар медиҳад, бозори ягонаи кори ИИАО мебошад. Муҳоҷирони тоҷик ба бозори умумии меҳнат пайваста, ҳаҷми интиқоли пул дубора меафзояд. Музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик қисман ба маоши шаҳрвандони Русия ва Қазоқистон наздик мешавад”, – изҳор доштааст Петросян санаи 22 ноябр дар Конфронси байнулмилалии “Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ” дар шаҳри Маскав.

Тибқи арзёбии БАОР, баъди узвияти Тоҷикистон ба ИИАО музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик аз 9 то 28% ва ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби онҳо – 15-25%-ро ташкил хоҳад дод.

Петросня қайд кардааст, ки дар мавриди узвият ба Иттиҳод Тоҷикистон масъаларо ҳамаҷониба бо тамоми ҷузъиёташ мавриди омӯзиш қарор дода, аз ягон ҷониб фишор вуҷуд надорад.

“Дарки паҳлӯҳои манфӣ ва мусбати ин амал ва фаъолияти иштирокчии имконпазири нав, ҳамчунин гуфтушуниду қарордодҳо оид ба марҳилаи гузариш зарур аст”, – иброз доштааст ӯ.

Намояндаи БАОР таъкид доштааст, ки ҷараёни баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳод аз соли 2015 идома дошта, баъди фаъолияти кофии гурӯҳи корӣ назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тирамоҳи соли 2016 масъала ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

Петросян узвияти Ӯзбекистонро низ ба Иттиҳод аз лиҳози манфиатҳои геополитикиии кишварҳои паҳнои Авруосиёи мувофиқи мақсад ва мантиқӣ унвон кардааст.

“Ҷалби Ӯзбекистон ба паҳнои ҳамгиройии ИИАО бо тавсеъаи имконоти истифодаи меҳнат ва сармоя ба минтақа ҷиҳати фаъолияти беҳтар пурсамар дар бозори беруна имкон фароҳам меоварад. Дар ин ҳолат бамаврид аст, ки бигӯем: ҳаҷм муҳим аст”, – илова кардааст намояндаи Бонки авруосиёии рушд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.