Фавти тоҷикистонии боздоштшуда дар шуъбаи пулиси Маскав

Date:

Марди 36-сола аз Тоҷикистон дар шуъбаи умури дохилии “Вешняки” воқеъ дар шарқи шаҳри Маскав халок шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Москва”.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи 21 ноябр кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ дар ҳамдастӣ бо дастаи махсуси зудамал (СОБР) дар кӯчаи Никитинская дар доираи парвандаи ҷиноӣ дар бораи ғоратгарӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд 18 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт мекунанд.

“Байни боздоштшудагон марди 38-солае низ ҳузур дошт, ки бо сабаби муқовиматаш ба кормандони пулис ба дастонаш завлона зада буданд. Дар кабинети хизматии шуъбаи умури дохилӣ ӯ ногаҳон худро бад ҳис намуда, аз курсии нишастааш ба замин афтид ва пас аз он фавтид. Табибони “ёрии таъҷилӣ” марги ӯро тасдиқ намуда, пешакӣ сабаби онро бемории заъфи дилу раг унвон карданд”, -менависад хабаргузорӣ  аз нақли як манбаъ дар шуъбаи ВКД.

Гуфта мешавад, ҷасдаи фавтида ба мурдахона (морг) интиқол дода шуда, аз рӯи ин далел санҷиш, аз ҷумла санҷиши хизматӣ ҷараён дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...