Роҳбари Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби худаш бунгоҳи тиббӣ сохт

Роҳбари Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Абдулҳаким Холзода аз ҳисоби воситаҳои шахсии худаш дар Кӯлоб бунгоҳи тиббӣ сохт. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар доданд, барои бунёд ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани ин нуқтаи тиббӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ воситаҳои пулӣ масраф шудааст. Худи Абдулҳаким […]

Роҳбари Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Абдулҳаким Холзода аз ҳисоби воситаҳои шахсии худаш дар Кӯлоб бунгоҳи тиббӣ сохт.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар доданд, барои бунёд ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани ин нуқтаи тиббӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ воситаҳои пулӣ масраф шудааст.

Худи Абдулҳаким Холзода дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар мавриди ин масъала ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки бунгоҳи тиббӣ “Моҳи тобон” номгузорӣ шуда, барои сохтмон ва таъмини он бо таҷҳизот воситаҳои шахсии ӯ ва бародаронаш истифода шудааст.

Тибқи маълумоти дарёфтӣ, то таъинот ба ин вазифа Абдулҳаким Холзода ба ҳайси тоҷири мувафақ дар соҳаи дорусозӣ фаъолият доштааст.

“Наздики чор сол пеш вақте ба ман вазифаи директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Вазорати тандурустиро пешниҳод карданд, ман розӣ шудам”, – қайд кард Холзода.

Мутаассифона, акси ин бунгоҳи тиббиро бо чунин номи хушнавоз ӯ ба мо дастрас карда натавонист.

Қобили зикр аст, ки ин бори аввал нест, ки мансабдорони давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби воситаҳои шахсии худ роҳҳоро таъмиру дигар иншооти таъиноти гуногун месозанд:

– Маркази тиббии муосир дар Балҷувон аз ҳисоби воситаҳои вазири мудофиаи Тоҷикистон;

– “Кӯли ҷавонон” дар пойтахт аз ҳисоби воситаҳои шахсии сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода;

– Боғи фарҳангу фароғати “Восеъ” дар ноҳияи Синои пойтахт аз ҳисоби воситаҳои муовини якуми сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид. Ин боғ дар кӯчаи Муҳаммадиеви шаҳр воқеъ буда, майдони 4 гектарро фаро гирифтааст;

– Таъмир ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии мактаби таҳсилоти умумии №5 шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби воситаҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода;

– Боғи нави ба номи Алишери Навоӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоӣи воситаҳои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Озода Раҳмон. Дар ин боғ мучассаи ду мутафаккири бузурги тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ қомат афрохтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.