Донишҷӯи ниқобпӯш бо электрошок мардумро ғорат мекард

Донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Рустам Файзиеви 21-сола ва ҳаммаслаки ӯ сокини 35-солаи пойтахт Ҳувайдо Садиров ба гумони даст доштан дар роҳзанӣ дастгир шуданд. Онҳо бо истифода аз ниқоб ва дастгоҳи электрошок ба ғорати сокинони шаҳр машғул буданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе. “Охири моҳи ноябр онҳо бо ниқоб […]

Asia-Plus

Донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Рустам Файзиеви 21-сола ва ҳаммаслаки ӯ сокини 35-солаи пойтахт Ҳувайдо Садиров ба гумони даст доштан дар роҳзанӣ дастгир шуданд.

Онҳо бо истифода аз ниқоб ва дастгоҳи электрошок ба ғорати сокинони шаҳр машғул буданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

“Охири моҳи ноябр онҳо бо ниқоб дар рӯяшон бо дастгоҳи электрошок мусаллаҳ гардида, ба манзили Гулнора Чекушина ворид мешаванд ва сипас шавҳару духтарашро лату кӯб карда, ҳамзамон бо скотч пойҳояшонро бастаанд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, гумонбаршудагон баҳри дарёфти маблағи пулӣ манзили истиқоматиро кофтуков намуда, аз онҷо 1200-сомонӣ маблағи пулӣ ва як миқдор ҷавоҳироти биҷутериро рабудаанд, ки бо ин амалашон ба ҷабрдидагон дар баробари зарари ҷисмониву маънавӣ расонидан, ба маблағи 1600-сомонӣ зарари пулӣ низ расонидаанд.

Қайд мешавад, ки шахсияти ғоратгарон аз ҷониби кормандони милитсия дар як фурсати кӯтоҳ муайян карда шудааст. Айни ҳол нисбати амали онҳо мутобиқи моддаи 249 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба гумони даст доштан ба роҳзанӣ кормандони милитсия ҳамчунин 2 сокини пойтахт – мардони 29 ва 33-соларо боздошт намудаанд, ки санаи 8 декабр ба манзили сокини кӯчаи Раҳимови пойтахт ворид шуда, пирамарди 82-соларо лату кӯб ва 2 ҳазору 600 сомониии ӯро бо худ бурдаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.