Туҳфаҳои солинавии “МегаФон Тоҷикистон” ба кӯдакони маъюб

Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” меҳмони маркази рӯзонаи кӯдакони маъюби “Ғамхор” шуда, ба тарбиятгирандагони маркази мазкур туҳфаҳо тақдим намуданд.   Дар маркази “Ғамхор” зиёда аз 30 кӯдакон бо имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ тарбият мегиранд. Бисёри онҳо аз падару модар маҳрум буда, омадани меҳмонон – барояшон ҳамеша як хурсандии бузург аст. Кормандони “МегаФон Тоҷикистон” бо кӯдакон муошират карда, […]

Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” меҳмони маркази рӯзонаи кӯдакони маъюби “Ғамхор” шуда, ба тарбиятгирандагони маркази мазкур туҳфаҳо тақдим намуданд.  

Дар маркази “Ғамхор” зиёда аз 30 кӯдакон бо имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ тарбият мегиранд. Бисёри онҳо аз падару модар маҳрум буда, омадани меҳмонон – барояшон ҳамеша як хурсандии бузург аст. Кормандони “МегаФон Тоҷикистон” бо кӯдакон муошират карда, онҳоро бо фарорасии Соли нав табрик намуда, туҳфаҳои ширинро ҳадя намуданд.

“Мо хеле хушҳол аз онем, ки кӯдакони моро фаромӯш намекунед. Барои онҳо дастгирии маънавӣ ва изҳори ҳама гуна ғамхорӣ хеле муҳим аст. Ман ба дӯстон аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои фаъолияти бузурги хайриявиашон изҳори сипос менамоям. Минбаъд низ аз дидоратон хеле шод хоҳем шуд!” – мегӯяд директори маркази “Ғамхор”-и шаҳри Бохтар Мавҷуда ШАРИПОВА.

“Мо аллакай солҳои зиёд кӯдакони ба вазъияти душвор афтодаро дастгирӣ менамоем – бахусус, барои тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон чемпионати футболро ташкил менамоем. Вале кӯдакон бо имкониятҳои маҳдуд муносибати махсусан  ғамхоронаро ба худ тақозо менамоянд: ҳар як калимаи ба онҳо равонашванда бояд умеду хурсандибахш бошад. Бовар кунед, дидани чашмони пур аз сурури ин тифлон ба ҳеҷ чиз баробар шуда наметавонад!” – изҳор дошт роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.