Рустами Эмомалӣ соҳаи маорифро зери назорат мегирад

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба ҳайати Шӯро кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр, олимону намояндагони соҳаи морифи пйтахт шомил гардида, онро шахсан раиси шаҳри Душанбе таҳти роҳбарӣ гирифт. Дар ҳамин ҳол, […]

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба ҳайати Шӯро кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр, олимону намояндагони соҳаи морифи пйтахт шомил гардида, онро шахсан раиси шаҳри Душанбе таҳти роҳбарӣ гирифт.

Дар ҳамин ҳол, бо қарори мазкур Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки 4 марти соли 2015 таъсис ёфта буд, барҳам дода шуд.

Шӯрои нав бо мақсадди ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба рушди зеҳнии кӯдак, оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа таъсис дода мешавад.

Рустами Эмомалӣ ба муовинони худ ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ба фаъолияти самарабахши Шӯро мусоидат намоянд.

Шӯрои мазкур ҳам намояндагони соҳаи маориф ва ҳам роҳбарони бахшҳои гуногуни иқтисод ва ҳаёти ҷамъиятиро, ки дар низоми маориф ба сифати фармоишгару истеъмолгар иштирок доранд, муттаҳид мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.