Парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе-Хуҷанд беш аз се соат мавқуф гузошта шуд

Ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” имрӯз соати 8:00 бояд ба Хуҷанд раҳсипор мешуд. Бо сабабҳои номаълум парвози он муддати беш аз се соат ба таъхир афтод. “Субҳ вақте мо ба фурудгоҳ омадем, намояндагони он гуфтанд, ки парвоз тариқи ин хатсайр ба таъхир меафтад, чунки ҳавопаймо ҳоло ба ин ҷо наомадааст, – мегӯяд яке аз мусофирон Нуриддин […]

Ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” имрӯз соати 8:00 бояд ба Хуҷанд раҳсипор мешуд. Бо сабабҳои номаълум парвози он муддати беш аз се соат ба таъхир афтод.

“Субҳ вақте мо ба фурудгоҳ омадем, намояндагони он гуфтанд, ки парвоз тариқи ин хатсайр ба таъхир меафтад, чунки ҳавопаймо ҳоло ба ин ҷо наомадааст, – мегӯяд яке аз мусофирон Нуриддин Қаршибоев. – Гуфтанд, ки парвози ҳавопаймо то соати 11:00 мавқуф гузошта мешавад”.

Бино ба гуфтаи мусофир, ҳеҷ касе аз намояндагони ширкат назди мардум баромада, сабаби ин ҳолатро шарҳ надод. “Мо аз кормандони фурудгоҳ дархост дорем, ки аққалан касеро даъват кунанд, лекин моро шунидан намехоҳанд”, – мегӯяд Қаршибоев.

Ба қавли ӯ, муддати тамоми интизорӣ дар толор одамони зиёди ҷамъ шуда, ҳавопаймои хатсайри Маскав-Хуҷанд низ бинобар сабаби номусоидии обуҳаво ба Душанбе фуруд омадааст: “Ин ҷо ҷой намерасад, кӯдакон гиря доранд, занон хеле бисёранд. Ягон ҷойи нишаст нест. Дар ҳамин ҳол, касеро ба берун баромадан иҷоза намедиҳанд”.

Нуриддин Қаршибоев иброз дошт, ки  одамон ҳатто наметавонанд барои худ об харанд, “чунки об дар ин толор хеле гарон буда, лекин одамонро ба берун баромадан иҷоза намедиҳанд, то ки аз он ҷо харанд. “Тоҷик Эйр” дар ин хусус бояд чора меандешид, лекин онҳо ҳатто боре ҳам назди мо набаромаданд”.

Кӯшишҳои идораи”Азия-Плюс” ҷиҳати тамос гирифтан бо “Тоҷик Эйр” бо ҳама рақамҳои дастраси телефон бенатиҷа анҷом ёфтанд. Гӯширо касе намебардорад.

Дар ҷадвали фурудгоҳи Душанбе вақти парвоз ба Хуҷанд соати 12:00 зикр шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.