Ба мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд обу ғизо доданд. Лекин парвоз ҳоло ҳам дар таъхир аст

Тибқи ҷадвали онлайни лавҳаи фурудгоҳи Душанбе вақти парвози ҳавопаймо соати 14:00 нишон дода шудааст. Мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд аллакай муддати чандин соат аст, ки дар толори интизории фурудгоҳи пойтахт нишастаанд. Баъди гузашти панҷ соат онҳоро бо чой ва бутерброд зиёфат доданд. Сабаби ба таъхир афтодани парвозро дар ширкати ҳавопаймоӣ шарҳ намедиҳанд. “Дар ниҳояти кор ба мусофирони […]

Тибқи ҷадвали онлайни лавҳаи фурудгоҳи Душанбе вақти парвози ҳавопаймо соати 14:00 нишон дода шудааст. Мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд аллакай муддати чандин соат аст, ки дар толори интизории фурудгоҳи пойтахт нишастаанд. Баъди гузашти панҷ соат онҳоро бо чой ва бутерброд зиёфат доданд. Сабаби ба таъхир афтодани парвозро дар ширкати ҳавопаймоӣ шарҳ намедиҳанд.

“Дар ниҳояти кор ба мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд чой ва бутерброд овраданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Нуриддин Қаршибоева, мусофири ин хатсайр. Ӯ қайд кард, ки қаблан яке аз мусофирон аз ҳисоби худ обу кулча харида, ба мусофирон тақсим кардааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ сабаби таъхир ва вақти парвозро хабар надодаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” имрӯз соати 8:00 бояд ба Хуҷанд раҳсипор мешуд, вале бо сабабҳои номаълум парвози он нахуст ба муддати се соат, сипас то соати дувоҳдаҳ мавқуф гузошта шуда, ҳавопаймо то ҳол парвоз накардааст.

Кӯшишҳои идораи”Азия-Плюс” ҷиҳати тамос гирифтан бо “Тоҷик Эйр” бо ҳама рақамҳои дастраси телефон бенатиҷа анҷом ёфтанд. Гӯширо касе намебардорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.