Тоҷикистон дар рӯйхати “кишварҳои мавриди нигаронии хос”-и ИМА

Дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико оид ба озодиҳои динӣ Тоҷикистон чун соли пешин дар феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” боқӣ монд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, нахустин бор дар 12 соли охир дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико оид ба озодиҳои динӣ, Ӯзбекистон аз гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” берун шудааст. Ӯзбекистон аз соли […]

Радиои Озодӣ

Дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико оид ба озодиҳои динӣ Тоҷикистон чун соли пешин дар феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” боқӣ монд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, нахустин бор дар 12 соли охир дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико оид ба озодиҳои динӣ, Ӯзбекистон аз гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” берун шудааст.

Ӯзбекистон аз соли 2006 аз ҷониби Департаменти давлатӣ ба гурӯҳи кишварҳои “мавриди нигаронии хос” аз назари озодиҳои мазҳабӣ ворид мешуд. Дар гузориши тозаи ин ниҳод рӯзи 11-уми декабр Тошканд нахустин бор аз ин феҳрист берун оварда шуд.

Департаменти давлатӣ гуфт, Ӯзбекистонро ҳамакнун дар қатори кишварҳое арзёбӣ мекунад, ки дар феҳристи “кишварҳои вижаи мавриди назар” шомил шудаанд. Дар ин гурӯҳ инчунин имсол Русия ҳам ворид шудааст.

Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, дар Русия даҳҳо гурӯҳҳои диние ба мисли “Шоҳидони Яҳво”, баптистҳо, лютеранҳо ва дигарон мавриди ҳадаф қарор доштанд ва аз соли 2016 дар ин кишвар фаъолияти созмонҳои миссионерӣ ё мубаллиғони гурӯҳҳои динии дигар мавриди пайгарди ҷиноӣ қарор гирифтаанд.

Гузориши Департаменти давлатӣ дар бораи озодиҳои динӣ дар саросари ҷаҳон ҳамасола, шурӯъ аз соли 1998, нашр мешавад. Кишварҳои феҳристи мазкур, вобаста ба он ки дар сатҳи боло қарор доранд ё поин, метавонанд мавриди таҳримҳои иқтисодӣ қарор гиранд.

Котиби давлатии Амрико Майк Помпео рӯзи сешанбе дар Вашингтон гуфт, имсол дар мувофиқа бо Конгресс ба гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” Покистон ҳам шомил шудааст. Чунин мавқеи Ислобомод дар ин феҳрист ба он маъност, ки Покистон мавриди таҳримҳои Амрико қарор мегирад.

Дар Покистон, ки бахши аъзами сокинонаш суннимазҳаб ҳастанд, созмонҳои ҳомии озодии баён дар робита бо шеваи бархӯрд бо ақаллиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла шиаҳо, аҳмадиҳо ва масеҳиён изҳори нигаронӣ кардаанд. Чунин арзёбиҳои Департаменти давлатӣ боис ба эътирози ҳукумати Покистон шуд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Покистон субҳи 12-уми декабр ин арзёбиҳо ҳамчун “тасмими якҷониба ва дорои ангезаҳои сиёсӣ” рад шудааст. Вазорат навиштааст, ки “Покистон як кишвари бисёрмазҳабӣ буда, ҷомеаи гуногунандеш дорад ва намояндагони динҳои мухталиф дар як ҷо зиндагӣ мекунанд”.

Дар феҳристи кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои динӣ қарор додани Покистон равобити миёни Вашингтону Исломободро мушкилтар мекунад. Вашингтон гуфтааст, ки ин тасмим бештар ба он хотир гирифта шуд, ки Покистон барои иҳонат ба арзишҳои дини Ислом ҳукм марг ҷорӣ кард.

Дар миёни кишварҳои дигари мавриди нигаронии хос, ки даст ба “нақзи мунтазам ва доимии озодиҳои динӣ” мезананд, Чин, Эрон, Мянмар, Кореяи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон ном бурда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.