Идомаи мавсими тақдими тӯҳфаҳо аз Бобои барфии бунафшранги Tcell

1 декабр, рӯзи нахустини фасли зимистон, Тcell розро ошкор кард: Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст! Аз ҳамон рӯз ба ин сӯ, Бобоҳои барфии бунафшранг дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба эҳдои тӯҳфаҳои зарурӣ- гуфтугӯи бемаҳдуд дар давоми соли 2019 бо опсияи “Белимити солона” аз Tcell оғоз намуданд! Иқдом (аксия) то 15 декабр давом меёбад, аммо […]

1 декабр, рӯзи нахустини фасли зимистон, Тcell розро ошкор кард: Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст! Аз ҳамон рӯз ба ин сӯ, Бобоҳои барфии бунафшранг дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба эҳдои тӯҳфаҳои зарурӣ- гуфтугӯи бемаҳдуд дар давоми соли 2019 бо опсияи “Белимити солона” аз Tcell оғоз намуданд! Иқдом (аксия) то 15 декабр давом меёбад, аммо бо ин ҳама “сюрпризҳо” аз Бобои барфии бунафшранг ба анҷом намерасанд! 

Иштирокчиёни аксия, ки аз ҳама пештар Бобои барфиро дида рамзи “махсус”-ро мегӯянд, соҳиби сертификат барои пайваст шудан ба опсияи “Белимити солона-2019” аз Tcell мешаванд. Ин тарофа- иртиботи бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет барои тамоми соли 2019-ро дорад. 

Дар ҳама саҳифаҳои Тcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, VK, OK, Viber) ва эфири радиои “Love Radio” дар вақти муайяншуда ҷои Бобои барфии бунафшранг ва “рамзи махсус” эълон мегардад, ки онро ба ба Бобои барфӣ расондан зарур аст. Бобоҳои барфии ҳақиқӣ ва бунафшрангро аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзод ва Хоруғ истиқбол намуданд. Дар саросари кишвар пайдо шудани Бобои барфиро сокинони зиёде интизоранд.

То 15 декабр дар аксия “Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст”-и Тсell ширкат кардан мумкин аст. Имконияти пайваст шуданро ба хизматрасонии солонаи “Белимити солона барои соли 2019” ва ё тӯҳфа намудани он ба дӯстону пайвандонро аз даст надиҳед!   Эълонҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ кунед, радиои “Love Radio”-ро гӯш кунед, то аз пайдо шудани Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг дар шаҳру ноҳияаатон бехабар намонед ва соҳиби иртиботи белимити солона аз Тсеll гардед!

Баъди анҷоми аксия Бобои барфии бунафшранг барои сокинони пойтахт “сюрприз” дорад!

Ширкати Tcell ва «Олу4а Такси» аз 15 декабр шуморо ба “вохӯрӣ” бо Бобои барфии бунафшранг даъват менамояд, ки дар ин ҳангом Бобои барфи ронандаи боэътимоди шумо хоҳад буд! Ба замми ин ӯ ба шумо тӯҳфа медиҳад!
«Олу4а Такси»-ро бо рақами 7000 даъват намуда, дархост кунед, ки ронандаи мошин Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг бошад!
Аснои сафар Бобои барфӣ ба шумо табъи хушу болидаро фароҳам меорад, мусофирони хурдсол бошанд соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ мешаванд: ҳангоми пайваст шудан бо тарофаи даркории “Даркор 59” ва аз он болотар, шумо соҳиби рақами Нуқрагӣ аз меагардед!   Теъдоди ҳадяҳо маҳдуд аст, аз ин рӯ талош кунед, ки бо таксии ронандааш Бобои барфии бунафшранг ба сайругашт бароед!

Ширкати Tcell якояки шуморо бо Соли нави 2019 муборакбод гуфта, бароятон куллияи хушиҳои зиндагӣ, табъи хушу болида ва эҳсосоти наҷибро таманно менамояд.

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/
VK: https://vk.com/tcell
OK: https://ok.ru/tcell.tj

___________________

 Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.