Маоши кормандони мудирияти нерӯгоҳи Роғун 50% боло рафт

Ҳукумати Тоҷикистон ба музди меҳнати кормандони мудирият оид ба истифодаи иншооти нерӯгоҳи барқи обии Роғун нишондиҳанда (коэффисиент)-и махсус муқаррар намуд. Қарор дахлдори ҳукумат дар ин хусус 30 ноябр қабул шудааст. Дар қарор дастур дода мешавад, ки ба маоши мансабии кормандони мудирият оид ба истифодабарии иншооти нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1,5 нишонидҳандаи махсус муқаррар карда шавад. […]

Ҳукумати Тоҷикистон ба музди меҳнати кормандони мудирият оид ба истифодаи иншооти нерӯгоҳи барқи обии Роғун нишондиҳанда (коэффисиент)-и махсус муқаррар намуд. Қарор дахлдори ҳукумат дар ин хусус 30 ноябр қабул шудааст.

Дар қарор дастур дода мешавад, ки ба маоши мансабии кормандони мудирият оид ба истифодабарии иншооти нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1,5 нишонидҳандаи махсус муқаррар карда шавад.

Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба таъмини маблағгузории нишондиҳандаи махсуси иловагӣ то мавриди истифода қарор гирифтани ду агрегати аввали нерӯгоҳ вазифадор шудааст.

Маошҳо чӣ қадар аст?

Дар замима ба қарор басти воҳидҳои корӣ (штатҳо) ва музди меҳнати моҳонаи кормандони мудирияти нерӯгоҳи Роғун оварда шудааст.

Дар он қайд мешавад, ки маоши мансабии директори ҶСК “НБО Роғун” 4 ҳазору 600 сомонӣ ва бо назардошти нишондиҳандаи муқарраршуда 6 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.

Маоши сармуҳандис 4 ҳазору 148 сомонӣ ва бо назардошти нишондиҳанда то 6 ҳазору 223 сомонӣ зиёд мешавад.

Маоши пасттарин дар мудирияти нерӯгоҳи Роғун барои челонгарони дараҷаи 3 – 892 сомонӣ муқаррар шуда, бо нишондиҳандаи махсус он ба 1 ҳазору 337 сомонӣ мерасад.

Дар мудирияти истифодабари иншооти нерӯгоҳи Роғун дар маҷмӯъ 180 нафар кор мекунанд, ки маблағи умумии маоши моҳонаи онҳо 204 ҳазору 867 сомониро ташкил медиҳад. Бо назардошти иловапулии муқарраршуда фонди буҷетии музди меҳнати кормандони мудирияти нерӯгоҳ то 307 ҳазору 301 сомонӣ меафзояд.

Нерӯгоҳи Роғун

Нахустин аз шаш агрегати нерӯгоҳи Роғун 16 ноябри соли равон ба истифода дода шуд. Дар марҳилаи аввал (бо назардошти сатҳи об дар обанбор) агрегат ба ҳисоби миёна бо иқтидори 100 МВт кор хоҳад кард, яъне дар як соат 100 ҳазор киловатт нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Ба кор даровардани агрегати дуюм баҳори соли оянда дар назар аст.

Анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2033 ба нақша гирифта шуда, баландии сарбанди иншоот то ба 335 метр расонида мешавад. Айни замон баландии сарбанд 75 метрро ташкил медиҳад.

Пас аз анҷоми пурраи корҳои сохтмон, нерӯгоҳи Роғун бузургтарин нерӯгоҳи барқии обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, ки иқтидори он (3600 МВт) ба иқтидори 3 блоки энергетикии нерӯгоҳи барқии атомӣ баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.