Авфи наздики 800 нафар маҳбусон ба муносибати Рӯзи бетарафии Туркманистон

Дар робита ба Рӯзи бетарафии Туркманистон дар ин кишвар қисме аз зиндониёнро авф мекунанд. Матбуоти расмии он кишвар менависад, ки бо фармони президент 796 зиндонӣ озод хоҳад шуд. "Фармондеҳи олии Нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармони авфи 796 зиндониро имзо кард", – иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории ТДХ. Гуфта мешавад, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар робита ба Рӯзи бетарафии Туркманистон дар ин кишвар қисме аз зиндониёнро авф мекунанд. Матбуоти расмии он кишвар менависад, ки бо фармони президент 796 зиндонӣ озод хоҳад шуд.

"Фармондеҳи олии Нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармони авфи 796 зиндониро имзо кард", – иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории ТДХ.

Гуфта мешавад, Бердимуҳаммадов ба вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки барои раҳоии авфшудагон дар фурсатҳои наздик чораҷӯӣ кунанд.

"Бо эъломи авф мо шароитеро фароҳам мекунем, ки ҷинояткорони пушаймоншуда бо меҳнати содиқона гуноҳашонро ҷуброн кунанд", – гуфтааст президенти Туркманистон.

Хотиррасон мешавад, ки соли 2017 дар Туркманистон бештар аз 3 ҳазор зиндонӣ авф шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, давоми солҳои тӯлонӣ миёни авфшудагон ҳеч кадом аз "зиндониёни сиёсӣ" набуданд.

Рӯзи бетарафӣ 12 декабр (туркманӣ – Bitaraplyk baýramy) дар Туркманистон аз нигоҳи муҳимият дуюмин иди давлатӣ ба шумор меравад. Санаи 12 декабри соли 1995 дар иҷлосияи 50-уми Мачмаи Умумии СММ қатънома қабул шуд, ки дар он аз пешниҳоди Туркманистон ба сифати давлати дорои мақоми бетарафии доимӣ ҷонибдорӣ шуд.

Мувофиқи ин қатънома, Туркманистон давлати бетараф дониста шуда, уҳдадор мешавад, ки дар низоъҳои мусаллаҳона иштирок накарда, ба умури дохилии дигар кишварҳо дахолат намекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.