Бунёди дидбонгоҳи нав дар сарҳад бо Афғонистон

Дар минтақаи Отряди сарҳадии «Панҷ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маросими тантанавӣ дидбонгоҳи нави “Файзободқалъа” ба истифода дода шуд, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири замонавӣ аст. Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, дар маросими ифтитоҳи он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ    генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Раиси ноҳия Панҷ […]

Дар минтақаи Отряди сарҳадии «Панҷ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маросими тантанавӣ дидбонгоҳи нави “Файзободқалъа” ба истифода дода шуд, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири замонавӣ аст.

Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, дар маросими ифтитоҳи он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ    генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Раиси ноҳия Панҷ Сайфиддинзода Маҳмадюнус ва намояндагони дигар сохторҳои қудратӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, дар баромадҳои худ онҳо таъкид карданд, ки садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати меҳварии ҳар як хизматчии ҳарбист. Зикр намуданд, ки ин сохтори низомӣ зодаи истиқлолият буда, дар байни дигар мақомоти қудратӣ ҷавонтарин ва пурмасъулияттарин мақомот ба ҳисоб меравад. Бо тамоми ҷузъу томҳояш аз рӯзҳои аввали таъсис то кунун уҳдадориҳои худро дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ муваффақона иҷро намуда истодааст.

Дидбонгоҳи нави сарҳадии «Файзободқалъа» таъмиру азнавсозӣ шуда, дорои утоқҳои корӣ ва хобгоҳи афсарону сарбозон, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҳаммом, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад.

Бинои дидбонгоҳ бо дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар муддати кутоҳтарин сохта, таъмиру азнавсозӣ шуда, дорои тамоми шароитҳо ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошад.

Зикр мегардад, ки дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Панҷ барои ҳайати шахсӣ барномаи консерти намоиш дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...