Фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар Туркманистон маҳдуд ва нархаш боло меравад

Дар пайи қабули қонуни нави нӯшокиҳои спиртии Туркманистон интизор меравад, фурӯши ин навъи нӯшокӣ маҳдуд шуда, нархи он боло биравад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаи мустақили "Хроника Туркменистана", Дар матни қонун омадааст, ки нӯшокии спиртӣ танҳо дар нуқтаҳои махсуси савдо, тарабхона ва қаҳвахонаҳо фурӯхта хоҳад шуд. Мағозаҳо онро танҳо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар пайи қабули қонуни нави нӯшокиҳои спиртии Туркманистон интизор меравад, фурӯши ин навъи нӯшокӣ маҳдуд шуда, нархи он боло биравад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаи мустақили "Хроника Туркменистана", Дар матни қонун омадааст, ки нӯшокии спиртӣ танҳо дар нуқтаҳои махсуси савдо, тарабхона ва қаҳвахонаҳо фурӯхта хоҳад шуд. Мағозаҳо онро танҳо дар рӯзҳои корӣ аз соати 10 то 20 мефурӯшанд. Фурӯши нӯшокии спиртӣ ба шахсони то 21-сола манъ аст.

Гуфта мешавад, қонуни мазкур давра ба давра ба иҷро хоҳад даромад. Маҳдудиятҳои аввал аз 1 январи соли 2019, бахши дувум аз июли соли 2019 ва боқӣ аз 1 январи соли 2021 ба иҷро медароянд. Аз ҷумла, банди манъи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар рӯзҳои истироҳат аз соли 2021 иҷро мешавад.

"Хроника Туркменистана" ҳамзамон хабар додааст, ки нархи нӯшокиҳои спиртӣ дар Туркманистон аллакай аз аввали моҳи декабр боло рафтааст. Бино ба маълумоти нашрия, аксизи нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку дар Туркманистон аз 1 декабр боло бурда шуд.

Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир дар фурӯшгоҳҳои Ишқобод навъҳои гуногуни нӯшокиҳои спиртиро метавон пайдо кард. "Аз ҳама навъи арзони онҳо 13 манат (ҳудуди 4 доллар бо қурби расмӣ) ва аз ҳама гарон 100 манат арзиш доранд. Вале на ҳама метавонанд, нӯшокиҳои спиртиро ошкоро фурӯшанд. Дарёфти иҷозатномаи фурӯши ин навъи нӯшокӣ мушкил аст", – афзудааст хабарнигор.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.