Боздошти ду мансабдори машғул ба савдои замин дар Тоҷикистон

Дар ноҳияҳои Деваштич ва Ваҳдат ду мансабдор – яке ба гумони гирифтани пора ва дигарӣ барои даст задан ба қаллобӣ боздошт шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, раиси ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич Комил Отабойзода ба ду шаҳрванд барои сохтмонӣ манзил қитъаи замин ваъда карда, аз онҳо […]

Дар ноҳияҳои Деваштич ва Ваҳдат ду мансабдор – яке ба гумони гирифтани пора ва дигарӣ барои даст задан ба қаллобӣ боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, раиси ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич Комил Отабойзода ба ду шаҳрванд барои сохтмонӣ манзил қитъаи замин ваъда карда, аз онҳо 10 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

“Моҳи август Отабойзода аз онҳо 7 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, ҳангоми гирифтани боқимонда 3 ҳазор сомонӣ аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод боздошт шуд”, – омадааст дар сомонаи Агентӣ.

Нисбати Отабойзода мутобиқи моддаи 319 Кодекси ҷинояти Тоҷикистон (Гирифтани пора) парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, пас аз тафтишоти пешакӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Ваҳдат ба гумони даст доштан дар қаллобӣ мутахассиси КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Ваҳдат» Умаралӣ Нигматов боздошт шудааст.

“Ӯ аз як шаҳрванд ҷиҳати мусоидат ба ҷудо кардани 0,6 гектар қитъаи замин барои сохтмони истироҳатгоҳ 20 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст”, – қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ. – Дар ҳамин ҳол, ӯ ваъда додааст, ки корро тарзе ба анҷом мерасонад, ки қарор дар бораи ҷудо кардани қитъаи заминро раиси шаҳр ба имзо мерасонад”.

Зимнан зикр мегардад, ки Нигматов ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ боздошт ва нисбати ӯ мутобиқи моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.