Рақобати Комроншоҳи Устопириён барои дарёфти 9 ҳазор доллар дар Гуанжоу

Гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо (Guangzhou Masters 2018), ки 15-16 декабр дар шаҳри Гуанжоуи Чин баргузор мешавад, иштирок мекунад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопириён ягона варзишгарест, ки аз ҷумҳурии мо барои ширкат дар ин мусобиқа даъват шудааст. Гуфта мешавад, тибқи низомнома дар “Guangzhou Masters 2018” 16 […]

Asia-Plus

Гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо (Guangzhou Masters 2018), ки 15-16 декабр дар шаҳри Гуанжоуи Чин баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопириён ягона варзишгарест, ки аз ҷумҳурии мо барои ширкат дар ин мусобиқа даъват шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи низомнома дар “Guangzhou Masters 2018” 16 нафари беҳтарин дар ҳар категорияи вазнӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Комроншоҳ Устопириён ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеи беҳтар дорад. Ӯ феълан бо 3446 хол ҷои 9-уми категорияи вазнии -90кг-ро ишғол кардааст.

Дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо иштироки 534 варзишгар (119 мард, 115 зан) аз 53 кишвари дунё дар назар аст. Мусобиқа баъд аз чемпионати ҷаҳон бонуфузтарин чорабинии Федератсияи байналмилалии дзюдо мебошад.

Варзишгарон дар мусобиқа соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд. Бино ба маълумоти IJF.org, ғолибони ин мусобиқа – соҳиби 1800 хол, дорандагони медалҳои нуқра – 1260 ва биринҷӣ – 900 хол мешаванд. Ғайр аз ин, ба ҷуз мақомҳои ҷоизавӣ, барои ҳар як ғалаба дар қувваозмоӣ 200 хол дода мешавад.

Барои соҳибони се зинаи аввали мусобиқа мукофотпулӣ низ пешбинӣ шудааст. Барои ғолиб – 9 ҳазор доллар, барои ҷои дуюм – 6 ҳазор доллар ва барои ду ҷои сеюм – 3 ҳазордолларӣ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио