Маҳкумияти 3 нафар дар Тоҷикистон барои куштори 20 сол пеш

Date:

Се нафар сокинони ноҳияи Рашт барои 20 сол пеш қатл кардани ҳамдиёрашон ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд.

Сокинони ноҳияи Рашт Мадад Ятимов, Иброҳим Қаҳҳоров ва Саидмурод Абдураҳмоновро Суди олии Тоҷикистон барои даст доштан дар куштор, ки нимаи моҳи сентябри соли 1998 содир шуда буд, маҳкум намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, онҳо ба манзили сокини деҳаи Ялдамич Акбар Маҳмадов ворид шуда, бо истифода аз автомати Калашников ӯро парронида буданд.

Бо қарори ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон Мадад Ятимов ба 22 сол, Иброҳим Қаҳҳоров ва Саидмурод Абдураҳмонов ҳар кадоме ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.

Гуфта мешавад, маҳкумшудагон муҳлати ҷазои таъиншударо дар зиндони низомаш шадид адо мекунанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...