Наҷотбахшони тоҷик ду ҳафта мешавад, ки ҷасади полковники бознишаста Саъдӣ Холмуродовро пайдо карда наметавонанд. Ӯ 15 декабр дар дарёи Вахш ғарқ шуда буд.
“Наҷотбахшони КҲФ-и Тоҷикистон дар шаҳри Норак ҷасади марди ғарқшударо ҷустуҷӯ доранд”, – хабар дод сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
Бино ба гуфтаи номбурда, Саъдӣ Холмуродови 56-сола рӯзи 15 декабр дар дарёи Вахш, наздикии обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ғарқ шудааст.
Тибқи фарзияҳои пешакӣ, ин ҳодиса бар асари беэҳтиётии Саъдӣ Холмуродов рух додааст.
“Айни замон наҷотдиҳандагони Хадамоти Кумита ҷасади ӯро дар шаҳри Норак ҷустуҷӯ доранд”, – гуфт Умеда Юсуфӣ.
Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишаста бештар бо номи “Саъдӣ-командир” маъруф буда, замоне муовини генерали марҳум Суҳроб Қосимов буд.


