Бузургтарин маҷмааи варзишӣ дар Душанбе моҳи сентябри соли оянда ба истифода дода мешавад

Маҷмааи бузурги универсалии варзишӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети пойтахт дар кӯҷаи Карамов сохта шуда истодааст, дар остонаи ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе. Айни замон дар ин иншоот корҳои сохтмон шабонарӯзӣ ҷараён дошта, ҳамзамон дар […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Маҷмааи бузурги универсалии варзишӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети пойтахт дар кӯҷаи Карамов сохта шуда истодааст, дар остонаи ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Айни замон дар ин иншоот корҳои сохтмон шабонарӯзӣ ҷараён дошта, ҳамзамон дар қаламрави гирду атрофи маҷмаа корҳои ободонӣ ба роҳ монда шудааст.

Бунёди маҷмааи бузургмиқёси варзишӣ дар майдони 10 гектар назди боғи фарҳангу фароғати ба номи Умари Хайём, байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе ҷараён дорад.

Фармоишгари сохтмон Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе” ва паймонкор – ҶДММ “Строй Комплекс” мебошад. Дар баробари ҶДММ “Строй Комплекс” ҳамчунин 19 ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ низ ба корҳои сохтмон дар иншоот машғуланд.

Ба корҳои сохтмон сокинони маҳаллӣ низ ҷалб шудаанд: дар сохтмони иншоот то ду ҳазор нафар машғули кор буда, баъди ба истифода додани он, беш аз 600 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати хуб таъмин карда мешаванд.

Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои «Ростовгипрошахт»-и Русия бо назардошти шароити маҳал таҳия шудааст.

Дар маҷмаа қасрҳои пӯшида ва нимапӯшида, варзишгоҳ ва майдонҳои гуногуни варзишӣ барои бозии теннис, ҳавзҳои шиноварӣ, қасри варзишӣ барои машғулиятҳо дар рӯи як сохта мешавад.

Маҷмаа аз майдон ва толорҳои гуногуни варзишии аз 150 то 3 ҳазор ҷойи нишаст иборат буда, дар онҳо барои баргузории ҳама гуна навъҳои мусобиқа дар сатҳи байнулмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Дар ин маҷмаа ҳамаи хоҳишмандон – аз кӯдакони синни 7-сола то калонсолон ба варзиш машғул шуда метавонанд. Дар қаламрави маҷмааи варзишӣ ҳамчунин сохтмони таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои автомашинаҳо низ пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.