Рустами Эмомалӣ ба аёдати тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон рафт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе» ташриф оварда, ба 69 нафар кӯдакони аз синни 4 то 7-сола, ба шумули 22 нафар духтар ва 47 нафар писарони ятими кул ва нимятимон, инчунин фарзандон аз оилаҳои ниёзманд,  афроди бепарастор, фарзандони волидайнашон гирифтор  бемориҳои руҳӣ туҳфаҳо тақдим намуд. Бино […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе» ташриф оварда, ба 69 нафар кӯдакони аз синни 4 то 7-сола, ба шумули 22 нафар духтар ва 47 нафар писарони ятими кул ва нимятимон, инчунин фарзандон аз оилаҳои ниёзманд,  афроди бепарастор, фарзандони волидайнашон гирифтор  бемориҳои руҳӣ туҳфаҳо тақдим намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ ба кӯдакон сарулибоси нави зимистона, бозичаҳои гуногун ва шириниҳо тақдим намуда, ҳамчунин барои онҳо дастурхони идона ороста шуд.

Бо иштироки раиси шаҳри Душанбе "Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии Корхонаи воҳиди давлатии  «Обу корези шаҳри Душанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва шароити фароҳамовардашуда ҳ имкон медиҳад, ки дар озмоишгоҳ 30 намуди ташхиси об гузаронида шавад.

Сипас бо ҳузури раиси пойтахт маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  биноҳои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир гардид. Барои сохтмони ин биноҳо ҳудуди 7,5 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Дар маҳаллаи Гулбуттаи шаҳр Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи  таълимии томактабии №131-ро мавриди истифода қарор дода, ки барои сохтмони он аз буҷети шаҳр беш аз 5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Рустами Эмомалӣ баъди азнавсозӣ 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ – кӯдакистонҳо №56 ва 18 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Барои таъмиру навсозии ин иншоотҳо зиёда аз 10,3 млн. сомони воситаҳои пулӣ харҷ шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.