Дастгирии “Барқи тоҷик” аз ҳисоби андозсупорандагон

Ҳукумат тасмим гирифт, ки ба воситаи аз эътибор соқит кардани қарзҳои нерӯгоҳи Сангтӯда-1, ки “Барқи тоҷик” аз он қарздор аст, ширкатро аз лиҳози молӣ дастгирӣ намояд. Дар қарори охири моҳи декабр қабулшудаи ҳукумат дастур дода мешавад, ки қарзи ширкат назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба маблағи наздики 47,2 млн. сомонӣ кам карда шавад. Ин қарз аз харидории […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумат тасмим гирифт, ки ба воситаи аз эътибор соқит кардани қарзҳои нерӯгоҳи Сангтӯда-1, ки “Барқи тоҷик” аз он қарздор аст, ширкатро аз лиҳози молӣ дастгирӣ намояд.

Дар қарори охири моҳи декабр қабулшудаи ҳукумат дастур дода мешавад, ки қарзи ширкат назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба маблағи наздики 47,2 млн. сомонӣ кам карда шавад. Ин қарз аз харидории нерӯи барқ аз ҷониби ширкат ба вуҷуд омадааст.

“Маблағи мазкур ба сифати саҳми муассис (Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ) дар фонди оинномавии ШСХК “Барқи тоҷик” ба инобат гирифта шавад”, – қайд мешавад дар санад.

Дастур дода мешавад, ки воситаҳои ба сармояи оиннномавӣ гузаронидашуда ҳамчун пардохти қисмати қарзи мавҷудаи “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳ ба назар гирифта шавад. Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ин воситаҳоро тавассути аз эътибор соқит донистани қарзҳо аз андоз дастрас мекунад.

“Аз ҳисоби кам кардани бақияи қарзи нерӯгоҳи Сангтӯда-1, ки ба санаи 15 ноябри соли 2018 назди буҷети давлатӣ аз андоз ба вуҷуд омадааст, ба маблағи 47 195 473 сомонӣ (бидуни назардошти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ) ҳисоббаробарии дуҷониба анҷом дода шавад”, – таъкид мешавад дар ҳуҷҷат.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ширкати “Барқи тоҷик” ва нерӯгоҳи Сангтӯда-1 бояд ба маълумотҳои бақайдгирӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.

Дар сомонаи расмии нерӯгоҳи Сангтӯда-1 зикр мегардад, ки қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳ беш аз 1 млрд. 55 млн. сомонӣ (наздики 112 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад. Давоми соли 2018 ҳаҷми ин қарз қариб 240 млн. сомонӣ (ҳудуди 25 млн. доллар) афзуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.