«Оши палав»-и Нозим Қаландаров яке аз аксҳои беҳтарини соли 2018

Date:

ТАСС аксҳои беҳтарини соли 2018-ро интихоб кард

Ба маҷмӯаи интихобшуда сурати аксбардори шинохтаи тоҷик, суратгири хабаргузории “Азия-Плюс” Нозим Қаландаров низ шомил гардидааст.

Сурати мазкур санаи 10 ноябри соли 2018 дар ҷараёни фестивали “Оши палав” дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Фирдавсӣ дар Душанбе гирифта шудааст.

Дар шарҳи роҳандозии лоиҳаи махсуси “Кадрҳои асосии соли 2018 (Главные кадры 2018) муовини сардабири ТАСС Григорий Дукор таъкид доштааст, ки ҳама гуна хабаргузории бонуфуз мудом аз фаъолияти солонаи худ натиҷагирӣ мекунад, аз ҷумла дар бахши аксбардорӣ низ.

Ӯ суратҳои аз ҷараёни Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол гирифтаро, ки соли 2018 дар Русия доир гардид, аз комёбиҳои бахши аксбардории хабаргузорӣ унвон кардааст. “Акси беҳтарин онест, ки бидуни матн метвавонад рӯйдодро бозгӯ намояд ва лоиҳаи махсус маҳз аз чунин суратҳои хабарнигорони ТАСС иборат аст”, – гуфтааст Дукор.

Дар суратҳои ба лоиҳаи махсус воридшуда лаҳзаҳои муҳимтарини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, дигар рӯйдодҳои муҳими соли 2018, ҳамчунин лаҳзаҳои ҷолиб аз ҳаёти рӯзмарра инъикос ёфтаанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...