Гумонбарии таксиронҳои тоҷик дар марги мухлиси “Зенит” дар Петербург

Date:

Дар маркази шаҳри Санкт-Петербург дар занозании оммавӣ бо муҳоҷирон шаби 5 ба 6 январ мухлиси 32-солаи даста футболи “Зенит” ҳалок шуд, хабар медиҳад «Невские Новости».

Гуфта мешавад, мухлис ва 3 нафар дӯстони ӯ назди қаҳвахонаи “Контакт-бар” дар кӯчаи Садовая бо таксирон аз Тоҷикистон ба муноқиша мепардозанд. Муҳоҷир ба ҳамидиёрони худ занг зада, бо гузашти 10 дақиқа якчанд нафар ба кумаки ӯ меоянд.

Байни мухлисони “Зенит” ва тоҷикистониён ҷанҷолу занозанӣ ба вуқӯъ пайваста, дар ҷарёани он яке аз мухлисон ба замин меафтад. Табибони ёрии таъҷилии тиббӣ аз марги ӯ хабар медиҳанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби марги марди 32-сола ҷароҳат бардоштани сар ва хунрезӣ ба майнаи сар унвон шудааст.

То замони ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти пулис аксарияти иштирокчиёни занозанӣ пароканда шудаанд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайи таҳқиқи тамоми ҳолатҳои рух додани ҳодисаи мазкур мебошанд. Иштирокчиёни муноқиша мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...