Имзои фармони манъи ҳама гуна санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 санаи 15 январи соли 2019 ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад. […]

Asia-Plus

Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 санаи 15 январи соли 2019 ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад.

Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Гуфта мешавад, муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» танзим гардида, минбаъд муқаррароти он ба ҳама мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда мешавад.

Мораторияи эълоншуда аз ҷониби президент ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ 1 ҳазору 930 субъекти истеҳсолотро фаро мегирад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро ба нашр расонид, ки аз ҳама гуна навъи санҷишҳо дар мудати солҳои 2019-2020 озод карда мешаванд. Дар Феҳристи мазкур 1 ҳазору 930 корхонаҳои истеҳсолӣ зикр шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.