Бонки ҷаҳонӣ: Бурунрафти сармоя аз Тоҷикистон суръат мегирад

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ дар дурнамои миёнамуҳлат боқӣ мондани сатҳи пасти воридшавии сармоягузориҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ва суръат гирифтани бурунрафти сармояро аз кишвар пешгӯӣ мекунанд. Ин тамоилро ба муҳити номусоид барои роҳандозии тиҷорат дар кишвар ва ҷараёни начандон қаноатбахши баргузории ислоҳот дар ин самт рабт медиҳанд. “Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо сабаби таъсири номусоид дар партави […]

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ дар дурнамои миёнамуҳлат боқӣ мондани сатҳи пасти воридшавии сармоягузориҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ва суръат гирифтани бурунрафти сармояро аз кишвар пешгӯӣ мекунанд. Ин тамоилро ба муҳити номусоид барои роҳандозии тиҷорат дар кишвар ва ҷараёни начандон қаноатбахши баргузории ислоҳот дар ин самт рабт медиҳанд.

“Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо сабаби таъсири номусоид дар партави муҳити корӣ паст боқӣ мемонанд”, – гуфта мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон.

Дар гузориш қайд мешавад, ки нимаи аввали соли гузашта сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ аз ҳисоби имтиёзҳои калони андозӣ асосан (наздики 60% аз ҳаҷми умумӣ) ба соҳаи саноати истихроҷи кӯҳӣ  сурат гирифтанд. Сеяки чунин сармоягузориҳо аз ҳаҷми умумӣ дар соҳаи истеҳсолот ба қайд гирифта шуд. Беш аз сеяки сармоягузориҳои мустақим аз Чин ва аз Туркия – 15% ворид шуданд.

Иқтисодчиёни мустақил мувофиқанд, ки шароити мавҷуда дар Тоҷикистон барои пешбурди тиҷорат ба бурунрафти сармоя ба ҳамсоякишварҳои мусоидат мекунад.

“Бархе аз тоҷирони мо фаъолияти худро дар ин ҷо қатъ карда, сармояи худро ба ҳамсокишварҳо, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва акнун аз чанде пеш ба Ӯзбекистон низ бароварданд. Тоҷироне низ ҳастанд, ки тиҷорати худро дар Афғонистони ҷангзада роҳандозӣ мекунанд. Ҳамааш бо он сабаб аст, ки ҳамсояҳо аллакай фаҳмиданд, ки соҳибкор на гови ҷӯшойӣ, балки муҳаррики иқтисод аст”, – изҳор намуд ба “Азия-Плюс” дар ин робита иқтисодчӣ Сайид Одинаев.

Ӯ зикр кард, ки тақрибан 70%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз ҳисоби бахши хусусӣ ташаккул меёбад ва ҳукуматдорон бояд бифаҳманд, ки ба сурати умум тақдири иқтисоди кишвар аз муносибат ба соҳибкорон вобаста аст.

“То чӣ қадре ки муносибат ба тиҷорат ба қадри кофӣ қобили қабул бошад, ҳамон қадр иқтисоди мо рушд хоҳад кард. Мутаасифона, алҳол дар мо ҳамаааш баръакс аст”, – илова намуд коршинос.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.