Рустами Эмомалӣ қабули нафарони ғайриихтисосро ба кор дар мактабҳо манъ кард

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, зимни таҳлили натиҷаҳои рушди соҳаи маорифи пойтахт раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ соли 2018 сохтмон, таъмир ва азнавсозии 41 […]

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, зимни таҳлили натиҷаҳои рушди соҳаи маорифи пойтахт раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ соли 2018 сохтмон, таъмир ва азнавсозии 41 иншоот барои 25,3 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ гардида, сохтмон ва азнавсозии 16 муассисаи таълимӣ барои 12508 ҷойи нишаст идома дорад.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди фароҳам гардидани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маорифи пойтахт ҳанӯз нуқсону камбудиҳо ҷой доранд, ки бояд дар кутоҳтарин фурсат ислоҳ ва роҳи ҳалли худро пайдо кунад.

Аз ҷумла Раиси шаҳр ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори пойтахт дастур доданд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти соҳа, аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, роҳ надодан ба қабули нафарони ғайриихтисос дар соҳаи маориф, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва назорати ба таҳсилот ҷалб гардидани хонандагони ҳудуди шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таълимии пойтахт тадбирҳои ҷиддӣ амалӣ карда шаванд.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин аз нуқсону камбудиҳо дар сохторҳои соҳаи тандурустии шаҳр, таъмини хизматрасониҳои босифати соҳа, такмили сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ, назорати ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ёдовар шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати сари вақт бартараф намудани норасоиҳо супоришҳои мушаххас дод.

Зикр гардид, ки соли 2018 дар пойтахт 22 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар маҷмӯъ  27 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.