Дар мусобиқаи “Чор миллат” мунтахаби футболи Тоҷикистон Эронро мағлуб кард

Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат”-ро дар Қатар бо пирӯзӣ бар дастаи Эрон бо ҳисоби 2 бар 1 оғоз намуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии ифтитоҳи мусобиқа дар варзишгоҳи Академияи «Aspire»-и пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа футболбозони тоҷик бар дастаи Эрон дастболо шуданд. Гуфта мешавад, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат”-ро дар Қатар бо пирӯзӣ бар дастаи Эрон бо ҳисоби 2 бар 1 оғоз намуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии ифтитоҳи мусобиқа дар варзишгоҳи Академияи «Aspire»-и пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа футболбозони тоҷик бар дастаи Эрон дастболо шуданд.

Гуфта мешавад, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон футболбози беҳтарини мавсими соли гузашта Эҳсони Панҷшанбе ва Шериддин Бобоев ба ҳадаф расониданд.

Дар бозии дигари давраи аввали мусобиқа дастаи мизбон – мунтахаби олимпии Қатар футболбозони дастаи Кувейтро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб кард.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи “Чор миллат” дар Доҳа рӯзи ҷумъа, 18 январ доир мегарданд. Дар ин рӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими Қатар (оғози бозӣ соати 21:30 дақиқа бо вақти Душанбе) ва дастаи Эрон бо тими Кувейт рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки иштирок дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 22 то 26 март дар Тошканд баргузор мешавад. Футболбозони мо дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) рақобат мекунанд.

Дар ин мусобиқа аз 44 дастаи мунтахаб ҳамагӣ 11 гурӯҳ ташкил шудааст. Мусобиқаи даври интихобӣ аз 22 то 26 марти соли оянда доир мегардад. Ғолибони гурӯҳҳо ва чор дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Мунтахаби Таиланд ба сифати мизбони мусобиқа сарфи назар аз натиҷаи даври интихобӣ дар мусобиқа иштирок хоҳад кард.

Се дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионат Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонон ба Бозиҳои олимпии-2020 дар Токио роҳхат мегиранд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.