Навсозии намои тамоми биноҳои баландошёна дар Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додаас, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон намои (фасад)-и тамоми биноҳои баландошёнаи пойтахт таъмиру навсозӣ шаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, то моҳи сентябри соли 2021 бояд намои 2 ҳазору 200 адад биноҳои баландошёнаи шаҳр таъмиру навсозӣ шаванд. Ғайр аз ин, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додаас, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон намои (фасад)-и тамоми биноҳои баландошёнаи пойтахт таъмиру навсозӣ шаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, то моҳи сентябри соли 2021 бояд намои 2 ҳазору 200 адад биноҳои баландошёнаи шаҳр таъмиру навсозӣ шаванд.

Ғайр аз ин, раиси шаҳр дастур додааст, ки ба муносибати ҷашн дар пойтахт 21 мактаби нав барои 18,5 ҳазор хонандагон ва 74 корхонаи саноатӣ бо 6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шавад.

То ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар Душанбе сохтмони 133 биноҳои баландошёна ба итмом расида, 121 хобгоҳҳои донишҷӯён аз таъмир бароварда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар остонаи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ва чаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ намои ҳамаи биноҳои воқеъ дар тӯли роҳ аз фурудгоҳ то қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ва роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода таъмир ва навсозӣ шуданд.

Аз дастгоҳи раиси пойтахт он замон хабар дода буданд, ки барои ин кор пули аҳолӣ ва буҷет харҷ нашудааст.

“Намои биноҳо бо дархости ҳукумати шаҳр аз ҳисоби ширкатҳои сохтмон, ки дар Душанбе ба бунёди биноҳои баландошёна машғуланд, таъмиру навсозӣ мешавад”, – хабар дода буданд аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.