Сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабари худкушии сарбозро қотеъона рад мекунанд

Чанде аз васоити ахбори умум санаи 20 январ дар бораи худро парронидани сарбози 19-сола Исфандиёри Мирзоҳасан дар қисми низомии наздикии Ҳисор маълумот доданд. Зикр гардида буд, ки ин сарбоз зодаи деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд буда, моҳи апрели соли 2018 ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. “Рӯзи 19 январ ӯ аз зери манаҳаш худро парронид. […]

Чанде аз васоити ахбори умум санаи 20 январ дар бораи худро парронидани сарбози 19-сола Исфандиёри Мирзоҳасан дар қисми низомии наздикии Ҳисор маълумот доданд.

Зикр гардида буд, ки ин сарбоз зодаи деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд буда, моҳи апрели соли 2018 ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст.

“Рӯзи 19 январ ӯ аз зери манаҳаш худро парронид. Ба қавли шоҳидон, тир аз тамоми сараш гузаштааст. Сарбоз дар роҳ ба госпитали ҳарбӣ дар Душанбе ҳалок шуда, 20 январ ҷасади ӯро дар зодгоҳаш – деҳаи Дарғ ба хок супурданд”, – гуфта мешуд дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки дар наздикии Ҳисор қисми низомии алоқаи марзбонон воқеъ буда, лекин дар он ҷо “ба ин ному насаб сарбоз хизмат накардааст”.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ ин хабарро расман рад кард.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола 15-16 ҳазор сарбозони нав ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд. Шумори шахсони мувофиқ ба синнусоли даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.