Ба буҷет аз ААИ ва андоз аз даромад 420 млн. сомонӣ кам маблағ ворид шуд

Қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2018 ба андозаи 0,3% ё ба маблағи 71,4 млн. сомонӣ барзиёд иҷро шуд, хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар ҷаласаи рӯзи 21 январи ҳукумат. Ӯ қайд кард, ки воридоти маблағ аз пардохти андозҳо ба буҷет ба андозаи 0,6% ва пардохтҳои гумрукӣ ба миқдори 1,2% барзиёд иҷро […]

Қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2018 ба андозаи 0,3% ё ба маблағи 71,4 млн. сомонӣ барзиёд иҷро шуд, хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар ҷаласаи рӯзи 21 январи ҳукумат.

Ӯ қайд кард, ки воридоти маблағ аз пардохти андозҳо ба буҷет ба андозаи 0,6% ва пардохтҳои гумрукӣ ба миқдори 1,2% барзиёд иҷро шудаанд.

Ба гуфтаи вазир, қисмати даромади суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи буҷет аз ҳисоби андози иҷтимоӣ аз ҳаҷми пешбинишуда 2,6% ё худ 44 млн. сомонӣ зиёд шуданд.

Бо вуҷуди ин, таъкид дошт ӯ, соли гузашта ба буҷет аз ҳисоби андоз аз даромад – 8,3 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) – 411,3 млн. сомонӣ кам маблағ ворид шудааст.

Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода қайд кард, ки соли 2018 шаш ноҳия – Ваҳдат, Ёвон, Панҷ, Фархор, Ховалинг ва Восеъ аз уҳдаи иҷрои ҷамъоварии маблағи андоз набаромадаанд.

Ӯ таъкид намуд, ки ҳаҷми бақияи маблағҳои андоз ба аввли соли равон 712 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли гузашта 60 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии ду навъи андоз ба маблағи умумии 420 млн. сомонӣ нигаронӣ изҳор намуд.

Сарвари давлат ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар самти коҳиши ҳаҷми бақияи қарздориҳо аз пардохти андоз тадбирҳои таъҷилӣ андешида шавад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.