Зинаи дуюми тоҷикистониён аз рӯи шумори боздиди сайёҳон аз Ӯзбекистон

Аз лиҳози шумори ташрифи сайёҳон ба Ӯзбекистон дар соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол намудаанд. Бино ба иттилои Podrobno.uz бо такя ба маълумоти Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон, соли 2018 дар маҷмӯъ қариб 1,1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя боздид кардаанд. Гуфта мешавад, зинаи аввалро дар ин росто Қазоқистон касб кардааст, ки ҳудуди […]

Asia-Plus

Аз лиҳози шумори ташрифи сайёҳон ба Ӯзбекистон дар соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол намудаанд.

Бино ба иттилои Podrobno.uz бо такя ба маълумоти Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон, соли 2018 дар маҷмӯъ қариб 1,1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя боздид кардаанд.

Гуфта мешавад, зинаи аввалро дар ин росто Қазоқистон касб кардааст, ки ҳудуди 2,3 млн. нафар шаҳрвандони ин кишвар соли гузашта ба Ӯзбекистон ташриф овардаанд.

Дар мақоми сеюм бо 1 055 688 сайёҳи ташрифоварда ба Ӯзбекистон Қирғизистон ҷойгир буда, ба сурати умум соли гузашта аз кишварҳои ИДМ беш аз 5 млн. нафар аз Ӯзбекистон боздид кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки байни кишварҳои хориҷи дур зинаи аввалро Туркия – беш аз 41 ҳазор сайёҳи ташриифоварда ба Ӯзбекистон, мақоми дуюмро Чин – 32 ҳазору 444 нафар ва ҷойи сеюмро Кореяи Ҷанубӣ – 27 ҳазору 269 нафар сайёҳон касб кардаанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон, як сайёҳ аз Туркманистон ба ҳисоби миёна дар Ӯзбекистон – 104 доллар, Тоҷикистон – ҳудуди 60 доллар ва сайёҳ аз давлатҳои хориҷи дур – тақрибан 710 доллар маблағ харҷ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.