Соҳибкорони тоҷик дар Сурхондарё дармонгоҳу меҳмонхонаҳо сохтанианд

Date:

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тошканд дар Душанбе, дар ин хусус зимни вохӯрии сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов бо директори Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе Хуршед Саидов изҳори назар шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни дидор масоили амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон бо саҳми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Зикр мегардад, ки зимни мулоқот Хуршед Саидов доир ба нақшаҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон дар мавриди саҳмгузории бевосита ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон, аз ҷумла сохтмони дармонгоҳу меҳмонхонаҳо, маблағгузорӣ ба бахши кишоварзӣ маълумот дод.

“Ҷонибҳо дар бораи ояндаи наздик аз Ӯзбекистон боздид намудани як ҳайати бонуфузи тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми гуфтушунидҳои мушаххас дар ин хусус бо ҳокимияти вилояти Сурхондарё созиш ҳосил намуданд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафоратхона.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...