Дар Маскав бо гумони бемории сурхакон 2 шаҳрванди Тоҷикистон бистарӣ гардиданд

Date:

Ду шаҳрванди Тоҷикистон бо нишонаҳои монанд ба бемории сурхакон дар беморхонаи №2-и шаҳри Маскав бистарӣ карда шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии намояндаи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов.

Ба иттилои ӯ, 4 феврал ба намояндагӣ дар бораи ба таври дастаҷамъона бистарӣ кардани муҳоҷирон хабар расид, ки табибон тахмин мекунанд онҳо ба бемории сурхакон печидаанд. Дар умум, дар беморхонаи №2-и шаҳри Маскав 23 нафар муҳоҷирон бистарӣ карда шудаанд, ки ду нафари онҳо тоҷиконанд.

“Бо мақсади мушаххас намудани ҳолати ба миён омада, кормандони хадамоти муҳоҷирати ҶТ ба беморхонаи № 2 рафтанд ва ҳангоми суҳбат бо муовини сардухтури ин беморхона Наталя Светкова маълум гардид, ки аз хобгоҳи сохтмончиён дар кӯчаи Машиностроителная 23 нафар муҳоҷири меҳнатии дар ҶДММ “Янт- Япы” фаъолиятдошта ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”,-иброз дошт Иброҳим Аҳмадов.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони намояндагӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки бистарӣ гардидаанд, суҳбати телефонӣ доштаанд. Шаҳрвандони кишвар иброз намудаанд, ки ба онҳо кӯмаки зарурии тиббӣ расонида мешавад ва худро хуб ҳис мекунанд.

Тибқи талаботи пешгирии сурхакон, бемор то замони мушаххас шудани ташхис дар беморхона боқӣ мемонад. Муҳлати майян кардани ташхис 3 рӯз аст.

Дар Маскав хуруҷи ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Гарчанд теъдоди сироятёфтагон мушаххас нест, аммо дар баъзе мактабҳои Маскав ҳолати “карантин” эълон карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...