Қатар омодагии худро ба қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик иброз дошт

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал—Усмон Фахру дар Давҳа созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи танзими нерӯи кориро имзо намуданд, ки тибқи он, Қатар розӣ шуд муҳоҷирони меҳнатиии тоҷикро қабул намояд. Аз маркази матбуотии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар […]

Asia-Plus

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал—Усмон Фахру дар Давҳа созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи танзими нерӯи кориро имзо намуданд, ки тибқи он, Қатар розӣ шуд муҳоҷирони меҳнатиии тоҷикро қабул намояд.

Аз маркази матбуотии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, ки созишномаи мазкур моҳи феврали соли 2017, дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар омода ва имзо шуда буд.

Тибқи меъёрҳои созишномаи имзошуда, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Қатар бо риояи шартномаи меҳнатие, ки тибқи қонунгузории ин давлат таҳия мешавад, метавонанд фаъолият намоянд.

Созишнома пас аз тасвиб эътибор пайдо хоҳад кард.

Интихоб ва фиристодани муҳоҷирони меҳнатӣ дар ихтиёри вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Интихоб ва фиристодани муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси дархости ҷониби Қатар амалӣ карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.