Боздошти фурӯшандаи маводи мухаддир дар Душанбе

Date:

Командони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздошти паҳнкунандагони маводи мухаддир дар Душанбе, амалиёти махсус гузарониданд.

Аз маркази матбуоти Агентии мазкур иттилоъ доданд, ки зимни амалиёт сокини шаҳри Душанбе Қудратулло Ҳукматов ба кормандони мақомоти мазкур панҷ ҳаби нашъадори MDMA пешниҳод намудааст. Ӯ ҳоло боздошт гардидааст.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Возеҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Илҳом Разоқов боздошт гардид.  Ҳангоми ҷустуҷӯ аз ӯ 20 дона ҳаби нашъадори MDMA гирифта шуд. Маълум гардид, ки Разоқов ҳабҳоро аз Қудратулло Ҳукматов дастрас кардааст.

“Дар ҷараёни кофтукови хонаи Қ. Ҳукматов дар кӯчаи Шаропов, 416 дона ҳабҳои нашъаовар ёфт гардид. Ғайр аз ин, аз он хона 6 кг 409 гр афюн пайдо карда шуд. Дар умум, аз боздоштшуда 441 ҳаб ва 6 кг 409,6 гр афюн мусодира гардид”,- хабар медиҳад Агентии мазкур.

Аз рӯйи ин далел, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...